Эрон умедвори беҳбуди равобит бо Амрико

Вазорати умури хориҷии Эрон мегуяд, умедвор аст, таъйини сенатори амрикоӣ Чак Ҳагел ба мақоми вазири дифоъи Амрико, муносибот байни Эрону Иёлоти Муттаҳидаро беҳтар кунад. Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорат, рӯзи сешанбе дар Теҳрон гуфт, кишвараш умедвор аст, сиёсати хориҷии Амрико “тағйири амалӣ” хоҳад кард. Айни замон Рейвен Ривлин, раиси порлумони Исроил гуфтааст, номзад ба мақоми вазири дифоъ шудани Чак Ҳагел, мояи нигаронии кишвараш аст. Ин вакили мардумии Иёлоти Муттаҳид аз сиёсатҳои Исроил интиқод мекунад ва тарафдори муколама бо Эрон аст. Амрико ва дигар қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад. Иддаъое, ки Теҳрон рад мекунад.