Гуруснанишинии шаҳрванди Эрон дар зиндони Ваҳдат

Акбари Аскарзода, шаҳрванди Эрон, ки дар зиндони «Кирпичний»-и ноҳияи Ваҳдат ба сар мебарад, бо нишони эътироз аз беадолатии додгоҳӣ гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Дар ин бора рӯзи 8-уми январ Оғои Боғбонӣ, яке аз наздикони ҷаноби Аскарзода ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи Боғбонӣ беш аз як ҳафта мешавад, ки Акбари Аскарзода ба гуруснанишнӣ даст задааст.

Вай афзуд, ки Акбари Аскарзода бо ҳамин восита ва нашри номае мехоҳад, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва расонаҳои хабариро дар ҷараён гузорад, ки дар нисбати ӯ додгоҳи Тоҷикистон ғайриқонунӣ ҳукм бароварда, ӯро барои 8 сол ба зиндон кашидааст.

Акбари Аскарзода дар моҳи июни соли 2012 барои тамаъҷуӣ дар фаъолияти тиҷоратии худ дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудааст.