Турсунбек Акун мақомоти Қирғизистонро барои бефаъолиятӣ дар баробари ғасбкориҳои Узбакистону Тоҷикистон муттаҳам кардааст.
Турсунбек Акун, омбудсмени қирғиз, рӯзи 8-уми декабр, зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек изҳор доштааст, ки Тоҷикистону Узбакистон дар заминҳои наздисарҳадии баҳсбарангез бо Қирғизистон, манзилу дигар биноҳо бунёд кардаанд, аммо мақомоти қирғиз дар ин робита хомӯширо ихтиёр кардааст.
Омбудсмени қирғиз бо ишора ба ҳодисаҳои ахир дар навоҳии Сӯх миёни Қирғизистону Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати ҳал нагардидани баҳсҳо вазъи муташанниҷ дар навоҳии марзӣ метавонад , шиддат ёбад. Акун ёдовар шудааст, ки рӯзе пеш дар дар пайи моҷарое дар марзи Узбакистону Қирғизистон 30 қирғиз як рӯз дар гарави узбакистониҳо будаанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш парлумони Қирғизистон созишномаи додугирифти замин бо Тоҷикистонро низ мухолифи манфиатҳои миллӣ хонда, муҷозоти дастандаркоронро талаб карда буд.
Бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон иддао доранд, ки Тоҷикистон аз иҷрои созишнома ва дар ихтиёри қирғизҳо гузоштани 3.5 километр замини қаламраваш дар Исфара худдорӣ меварзад. Дар ҳоле ки қирғизҳо мутобиқи созишнома дар соли 2005, ба Тоҷикистон иҷоза доданд аз қаламрави ин кишвар хати барқи Конибодом - Бодкандро бунёд кунад.
Ба иттилои расонаҳои қирғиз, Исмоил Исаков, вакили парлумони қирғиз, зимни ҷаласаи Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумон гуфтааст, ба ин хотир Қирғизистон дар аҳди сарварии Қурмонбек Боқиев ҳудуди 100 гектар замини худро дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт.
Кумитаи амният ва мудофиаи парлумони Қирғизистон созишномаи мазкурро баррасӣ карда, зидди манфиатҳои Қирғизистон арзёбӣ кардаст. Токон Мамитов, сардори Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумони Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2012 барои омӯзиши масъалаи додугирифти замин бо Тоҷикистон, ба ҳукумати кишвараш як моҳ муҳлат дода буд.