Раҳбари кунунии САҲА, вазири хориҷаи Украина ҷонибҳои дар ҳоли ихтилофро ба хештандорӣ ва муколама даъват кард. Дар изҳороти рӯзи 7 январ худ Леонид Кожара дар муроҷиат ба моҷарои Сӯх, ки миёни сокинони маҳалҳои наздимарзии Ӯзбакистон ва Қирғизистон рӯзҳои 5-6 январ сар зад, гуфт:
- Хабари озодшавии гаравгонҳоро истиқбол мекунам. Аз тамоми ҷонибҳои вориди ин қазия даъват мекунам, ки бомасъулият ва худдорӣ рафтор кунанд.
Кожара гуфт, ки моҷарои сарзада бояд “бо роҳи сулҳомез ва муколама ҳал шавад”.
Вай инчунин гуфт, ки САҲА омода аст бо дархости ҷонибҳо дар чаҳорчӯби рисолатҳои худ миёнҷигӣ кунад. Раҳбари амалкунандаи САҲА гуфт, ки ин вазъро аз наздик мушоҳида хоҳад кард.
САҲА дар маркази шаҳри Қирғизистон – Бишкек, инчунин дар вилояти Ботканд дафтари намояндагӣ дошта, ҳамоҳангсози барномаии он дар Ӯзбакистон низ амал мекунад.
РӯЙДОДҲОИ СӯХ АЗ ЗАБОНИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ
То нисфирӯзии душанбе, 7 январ мақомоти Ӯзбакистон ҳамаи 30 гаравгони қирғизро ба мақомоти Қирғизистон таслим намуданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон раиси вилояти Ботканд Ҷениш Раззоқов гуфтааст, вазъи беҳдоштии гаравгонҳои раҳошуда хуб аст, вале ба ҳар ҳол онҳоро табибон муоина мекунанд. Шаби якшанбе ба душанбе, сокинони минтақаи Сӯхи Ӯзбакистон гурӯҳи аввали гаравгонҳо - чордаҳ зану кӯдаки қирғиз ва нисфирӯзии душанбе боқимонда 16 нафар мардони қирғизистониро озод карданд.
Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хонуме бо номи Садоқат, аз тоҷикони деҳаи Ҳушёр (рустое дар дохили ҷазирақаламрави Сӯхи Ӯзбакистон, ки дар дохили Қирғизистон ҷойгир аст) изҳори хушҳолӣ намуд, ки баъди дахолати раҳбарони вилояти Фарғонаи Узбакистон ва Ботканди Қирғизистон бӯҳрони гаравгонгирӣ дар ноҳияи Сӯх ҳал шуд ва гаравгонҳову моликияташон озод шуданд. Хонуми Садоқат гуфт, ки роҳҳо боз аст ва мардум ба ҳаёти маъмулии худ баргаштаанд.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи марзбонии хадамоти амнияти Ӯзбакистон изҳороте пахш намуда, Қирғизистонро дар моҷарои рухдода муттаҳам кардааст. Дар изҳорот таъкид шудааст, ки 5-уми январ марзбонони Қирғизистон хилофи қарордодҳои байналмилалӣ амал намуда, саъй карданд ба хотири таъмини посгоҳи қирғизии Чорбоғ бо нерӯи барқ дар қаламрави деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбакистон симчӯб мустақар намоянд.
Марзбонони Ӯзбакистон илова кардаанд, ки тибқи мувофиқат ҷонибҳо мебоист дар таърихи 6-уми январ барои арзёбии ин масъала мулоқот мекарданд, вале ҷониби қирғизҳо дар ҳамон рӯзи 6-уми январ бунёди симчӯбҳоро давом доданд, ки дар ниҳояти амр боиси бархӯрди сокинони деҳаи Ҳушёр бо марзбонони қирғиз гардид.
Марзбонони Ӯзбакистон иддао доранд, ки марзбонони қирғиз аз силоҳ кор гирифта, 5 сокини Ҳушёрро маҷрӯҳ намуданд. Ба қавли марзбонони узбак, раиси вилояти Ботканд Ҷениш Раззоқов ва мансабдорони воломақоми нерӯҳои марзбони Қирғизистон бо изҳори маъзарат эътироф кардаанд, ки бунёди симчӯбҳо дар ҷои ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Мақомоти Ӯзбакистон хулоса мекунанд, ки масъулияти вазъи ногувор дар марзи миёни Ӯзбакистону Қирғизистон бар дӯши марзбонони қирғиз аст. Тошканд мегӯяд, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ карданд.
Айни ҳол, то ин лаҳза мақомоти Қирғизистон ҳеҷ изҳороти расмие дар ин замина пахш накардаанд.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раиси идораи заминсозии ноҳияи Сӯх Сарвар Ҳомидҷонов гуфт, ки марзбонони қирғиз сохтмони хатти интиқоли барқро рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа оғоз намуда буданд, вале вақте ӯ ба онҳо таъкид кард, ки симчӯбҳояшон дар хоки Узбакистон мебошанд, марзбонон корро мутаваққиф намуда, мувофиқат карданд, ки рӯзи оянда раиси идораи заминсозии Боткандро барои музокирот бо худ биёранд. Вале субҳи рӯзи якшанбе, мегӯяд вай, марзбонони мусаллаҳ ба тарафи ҳайати Узбакистон оташ кушодааст. Вай гуфт:
- Чор нафар аз марзбонон ба ҳаво оташ кушонад. Нафари панҷум, ки прапошик буд, ба тарафи мо оташ кушод. Ду нафар мустақиман тир хӯрданд. Нафари сеюму чорум ҳам ҷароҳат бардоштанд. Вале ҷароҳати Шакарҷони 26-сола- нафари панҷум хеле ҷиддӣ аст. Ӯ аз шикамаш тир хӯрдааст.
Ба гуфти номбурда баъд сокинони Сӯх болои марзбонони қирғиз ҳамла карда, ҳамзамон бо он 30 шаҳрванди Қирғизистонро ба гарав гирифтанд. Расонаҳои хабарӣ шумораи издиҳоми гаравгонгирро аз 100 то 1000 нафар номидаанд. Ба навиштаи хабаргузории Аки-пресси Қирғизистон дар ин ҷанҷол чанд тан аз марзбонони қирғиз ҷароҳат бардоштаанд.
Шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории Интерфакси Русия гуфтанд, ки шаҳрварвандони Узбакистон посгоҳи марзбонони қирғизро сангборон карда, тирезаҳои онро шикастанд. Бар илова ба навиштаи ин хабаргузорӣ сокинони Сӯх даҳҳо мошинеро, ки рақами қирғизӣ доштанд, мутаваққиф намуда, ронандагонро ба гарав гирифтанд.Камаш чор мошини шаҳвандони Қирғизистон тахриб шудааст.
Аммо додситони вилояти Ботканд Латиф Ҷумъабоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
- Мо ба онҳо вазъи воқеиро нишон додем ва талаб кардем, ки дар кишварашон назму суботро барқарор кунанд. Гуфтем, ки одамони моро озод кунед. Дар иртибот бо ҳодисаи шаби гузашта бошад, ман соати 12 шаб дар робита бо ҳамла ба марзбонони қирғиз ва одамрабоӣ ду парвандаи ҷиноӣ боз кардам. Гурӯҳҳо таҳқиқи ҳодисаҳоро шурӯъ кардаанд.
Аз замони шӯравӣ Сӯх вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад. Узбакистон борҳо убуру мурур тавассути ин роҳро маҳдуд кардааст. Сокинони деҳаи Ҳушёр асосан тоҷиконанд, тақрибан 10 % сокинонаш ӯзбактабор мебошанд. Аз соли 1999 вақте ҷангҷӯёни исломӣ ҳамлаҳо болои манотиқи ҷанубии Қирғизистонро раҳандозӣ кардаанд, ҳукумати Узбакистон ҳузури низомиаш дар Сӯхро таҳким бахшидааст.