Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони "Гуруҳи 24", барои раҳоии шавҳараш аз Созмони Афви Байналмилал (AI) кӯмак хостааст.
Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, сардори созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, "Гурӯҳи 24", ки дар даҳаи ахири моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт шудааст, аз Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) хостааст, ба қазияи шавҳараш расидагӣ кунад.
Ҳафизова, рӯзи 8-уми январ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар муроҷиатномааш ба Созмони Афви Байналмилал навиштааст, ки дар сурати истирдорди Қувватов ба Тоҷикистон, ӯ мавриди зӯру шиканҷа ва азият қарор хоҳад гирифт. Ҳафизова дар номаи худ таъкид кардааст, ки ҳамсарашро фақат ба хотири изҳороти зидди президенти Тоҷикистон, боздошт кардаанд.
Қумринисо Ҳафизова афзуд, ки ҳамчунин ба сафорати Амрико ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон низ муроҷиат карда, дархост намудааст, ки барои озодии шавҳараш аз боздоштгоҳи Дубай мусоидат кунанд.
Ахиран Николай Николаев, дӯст ва ҳампаймони Умаралӣ Қувватов, ки ҳангоми боздошташ дар Дубай ҳамроҳи ӯ будааст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай бо ҳуқуқшиносон қарордод имзо кардааст ва онҳо мувофиқат кардаанд, ки бар пояи он аз манфиати Қувватов ҳимоят кунанд. "Қарордод ба онҳо имкон медиҳад, ки шароити боздошти Қувватов дар фурудгоҳи Дубай ва мутобиқати он ба қонунҳои байналмилалиро таҳқиқ намоянд" - афзуд Николай Николаев
Ба иттилои Николаев таҳқиқи пешакӣ 40 рӯз идома мекунад ва дар поёни он муҳокима дар додгоҳ баргузор хоҳад шуд.
Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.
Ин дар ҳолест, раҳбарияти ширкати "Тоҷирон", собиқ корфармои Умаралӣ Қувватов, ӯро дар дуздии амволи ширкатҳои маъруфи афғониву чинӣ муттаҳам медонад. Файзулло Ғуломов, раиси ин ширкат, дар як мусоҳибаи худ гуфтааст, "Қувватов дар баробари "Тоҷирон", ширкатҳои муваффақи афғонӣ, ба мисли "Газинфар групп", "Зулфиқор Ҳақёр", "Ҷовид Ҷайҳун", ширкати амрикоии "Доунренҷ"-ро ба маблағи миллионҳо доллар фиреб додааст."
Умаралӣ Қувватов, ки худро раҳбари собиқи ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” медонад, тобистони соли гузашта, баъди тарки кишвар, дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод ва гуфт, Эмомалӣ Раҳмон набояд дар интихоботи соли 2013 ширкат кунад.