Бозигарони «Вахш»: Ним сол боз мисли волонтёр бозӣ мекунем

Чаҳор моҳи охир маъмурияти дастаи футболи «Вахш» - қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон ба бозигарон ва аъзои тим маоши моҳона пардохт накардааст.
Ба иттилои Иброҳим Азизов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, 1-уми декабри соли 2012-ум ҳаҷми қарзи маош дар ин клуб 33 400 сомониро ташкил додааст. Вай афзуд, ҳарчанд тими «Вахш» узви Иттифоқҳои касаба нест, раёсати ин ниҳод қасд дорад, дар пайдо кардани роҳи ҳалли ин мушкил аз чораҳои қонунӣ кор бигирад. Ба гуфтаи И. Азизов, «таъхир дар пардохти ҳақмузди моҳонаи футболбозон поймолшавии маҳзи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби маъмурияти даста мебошад.»

Дар ҳамин ҳол, яке аз футболбозони дастаи «Вахш», ки нахост номаш зикр шавад, тасдиқ кард, ки тайи чаҳор моҳи охири мавсим вай ва ҳамкасбонаш маоши моҳонаи худро, ки ба 500 сомонӣ, чизе беш аз 100 доллари амрикоӣ, баробар аст, дарёфт накардааст. «Ба мо гуфтанд, ки спонсор аз сарпарастии клуб даст кашидааст, вале раҳбарият ваъда дод, ки бо ҳар роҳ маошамонро пардохт мекунанд. Мо чанд моҳи охир бепул, мисли волонтёрҳо бозӣ кардем. Танҳо ба хотири клуб, ки аз ҳуқуқи бозӣ кардан дар лигаи олии чемпионат маҳрум нашавад», - афзуд ӯ.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи футболи «Вахш», низ иқрор кард, ки дар чаҳор моҳи ахир натанҳо футболбозон, балки ҳайати мураббиҳо ва кормандони фаннии даста низ ҳуқуқи моҳона дарёфт накардаанд. «То нимаи аввали соли гузашта дастаро ширкати ҳолдингии «Исмоили Сомонӣ» сарпарастӣ мекард, аммо баъдан дастгирии молиявии клуб қатъ шуд. Раҳбарии клубро шаҳрдории Қӯрғонтеппа ба зимма гирифт, аммо ҳанӯз масъала ҳалношуда боқӣ мондааст», - гуфт С. Ғафуров.

Ба иддаои ӯ, таъхир дар пардохти маош ва ҳаҷми ками маблағгузори дастаи «Вахш» боиси аз клуб рафтани чандин бозигари қавӣ гардид ва дар мавсими гузаштаи футбол асосан бозигарони ҷавон, ки дар ҳайати дувуми даста шомил буданд, дар рақобатҳо ширкат мекарданд. «Агар футболбозон розӣ намешуданд, ки бемаош кор кунанд, шояд дастаи «Вахш» имсол дар лигаи олӣ бозӣ намекард, вале чанд моҳи охир ҷавонҳо танҳо барои исбот кардани нерӯ ва тавонмандии худашон бидуни ҳавасмандии молиявӣ ба майдон мебаромаданд», - афзуд сармураббии даста.

Ба иттилои Салоҳиддин Ғафуров, ҳаҷми ҳақмузди моҳонаи бозигарони дастаи «Вахш» дар қиёс бо дастаҳои дигари лигаи олӣ ночиз буда, ба ҳисоби миёна аз 400 то 700 сомониро ташкил медиҳад. Дар маъмурияти дастаи «Вахш» иттилоъ доданд, ки ҳоло гуфтушунидҳо бо чанд сармоягузори потенсиалӣ ҷараён дорад ва имкон дорад, ки то охири нимаи аввали сол қарзи маош ва дигар қарзҳои молие, ки болиғ аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад, пардохт карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, хабар доданд, ки ду дастаи дигари футбол, ки дар лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии футбол аз вилояти Хатлон намояндагӣ мекунанд, дар назди бозигарони худ қарздор нестанд. «Чемпиони имсолаи футбол – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и Фархор маоши бозигарони худро саривақт пардохт кардаанд ва шикояте дар ин маврид ба мо нарасидааст», - гуфт Иброҳим Азизов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Хатлон.

Вале ба иттилои ӯ, аз дастаҳои дигари футбол аз вилояти Хатлон, ки шомили лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон ҳастанд, хабар расидааст, ки ҳамчунон дар пардохти ҳақмузди футболбозон таъхир мекунанд.