Обама номзадҳои вазири дифоъ ва раиси кашфро муаррифӣ кард

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Чак Ҳегелро вазири ояндаи дифоъ ва Ҷон Бреннанро, ки то ҳол мушовири раиси ҷумҳур дар умури зиддитерроризм буд, раиси CIA ё Ожонси Марказии Кашф пешбарӣ кард.

Обама номзадҳо ба ин ду мақоми калидиро рӯзи душанбе дар Вашингтон эълон кард ва акнун номзадии ин ду нафарро бояд Сенати Амрико ба тасвиб расонад.

Ҳегел, ки собиқадори ҷанги Ветнам аст бо интиқодҳои худ бар зидди Исроил ва бо талошҳояш барои музокира бо Эрон ном баровардааст.

Номзади дигар Ҷон Бреннан дар CIA ё ЦРУ 25 сол собиқаи корӣ дорад. Вай дар барномарезии амалиёти зидди Усома Бен Лоден- раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида ва аз байн бурдани вай дар амалиёти соли 2011 нақши аслӣ дорад.