Яке аз шахсиятҳои боломақоми ҳукумати Эрон мегӯяд, ки содироти нафти кишвараш дар давоми 9 моҳи гузаштаи таҳримҳои Ғарб 40 дарсад коҳиш ёфтааст.
Рустам Қосимӣ-вазири нафти Эрон рӯзи душанбе гуфт, бозгашти пулҳо аз даромади нафт 45 дарсад кам шудааст.
Эътирофоти Қосимӣ муҳим аст, зеро вай яке аз мақомоти баландрутбаест ва то ҳол онҳо иддао доштанд, ки Эрон аз таҳримҳои Амрикову кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба содироти нафт зарар надидааст.
Баъзе аз мақомоти дигари эронӣ ҳам дар ин авохир эътироф кардаанд, ки иқтисоди Эрон аз таҳримҳои нафт зарар дидааст. Масалан, Шамсиддини Ҳошимӣ-вазири иқтисод гуфта буд, ки даромад аз нафт 50 дарсад поин рафтааст, зеро Ғарб таҳрим эълон кардааст.