Дар хиёбони марказии Кӯлоб зани тоторе талбандагӣ мекунад, ки бо амри шавҳари лӯлиаш ба ин кор рӯй овардааст.
"Помогите ради Аллаха" -- нидои ғайримаъмулии як зани талбандаест, ки бо кӯдаки сари даст чанд рӯзи охир дар хиёбонҳои Кӯлоб ба назар мерасад. Ин зан 32 сол дорад ва худро Мабгуса Сангинова, шаҳрванди тоторасли Русия, муаррифӣ мекунад.
Ӯ мегӯяд, дар Доғистони Русия таваллуд шудааст ва ҳангоми муҳоҷират ба Маскав бо ҷавоне бо номи Фазлиддин шинос шуд, ки худро тоҷики Тоҷикистон муаррифӣ мекард. Мабгуса бо ин ҷавон издивоҷ намуда, соҳиби фарзанд мешавад ва бо даъвати ин ҷавон ба Тоҷикистон меояд. Аммо дар Тоҷикистон ин зан дарк кард, ки шавҳараш аз лӯлиёни деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ будааст.
Илова бар ин, шавҳари ӯ зан ва ду кӯдаки дигар доштааст. Мабгуса мегӯяд, дар баробари ин ӯро маҷбур карданд, ки ҳамчун келини лӯлиён талбандагӣ кунад. "Шиносномаи маро гирифтанд ва гуфтанд, ки ту бо мо пул ҷамъ мекунӣ. Ман дигар Русия рафта наметавонам. Зану кӯдакони дигараш ҳам гадоӣ мекунанд. Ҳоло ман пул гадоӣ мекунам, то пули билетамро харидорӣ кунам",-мегӯяд Магбуса.
Ин зан ба мо рақами ҳамсарашро дод, ки аз ӯ Фазлиддин ном мебурд. Ҳангоми тамоси телефонӣ ва фаҳмидани мақсади мо ин мард ҳарфе нагуфт ва телефонашро хомӯш кард. Мабгуса мегӯяд, аз болои шавҳараш, ки шиносномаи ӯро гирифта монеи бозгашташ ба Русия аст, ба пулиси маҳаллӣ шикоят кардааст. Аммо дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Восеъ аз чунин шикояте изҳори бехабарӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, лӯлиён мегӯянд, то кунун онҳо аз ин зан дар нисбат ба шавҳараш шикоят намешуниданд. Зани лӯлие, ки худро Алқосой ном бурд, гуфт, ӯ ҳатто дар талбандагӣ аз онҳо даромади бештаре мегирад. Ба гуфтаи ӯ, агар лӯлие дар як рӯз дар Кӯлоб 25-30 сомонӣ ба даст биёрад, ин зан аз 60 то 90 сомонӣ аз сокинон маблағ мегирад. Ин гуфтаҳоро худи Мабгуса низ тасдиқ мекунад ва мегӯяд, сокинон ба ӯ ҳамчун мусофир хеле ғамхорона муносибат доранд.
Самариддин Исматов, як ҷавони тоҷир дар бозори марказии Кӯлоб мегӯяд, воқеан, беш аз ду ҳафта шуд, ки ин занро дар назди бозор мебинад ва ҳар рӯз ба ӯ пул медиҳад: "Ӯ мусофир аст ва хеле хуб мегӯяд, ки аз барои Худо кӯмак кунед. Барои ҳамин, дили ҳар кас месӯзад ва ба ӯ пул медиҳад. Ба мусофир кӯмак кардан савоби зиёд дорад."
Кӯмак ба ин зан дар ҳолест, ки аксари сокинон ба лӯлиён пул доданро берун аз савоб медонанд. Аз нигоҳи Намоз Баротов, як сокини Кӯлоб, "ба одаме хайр кардан меарзад, ки воқеан ба кӯмакат ниёз дорад ва ӯ ба ҷуз талбидан коре наметавонад. Ин лӯлиён солиманд ва роҳатро гирифта маҷбур пул мегиранд, ки хайр нест." Аммо Мабгуса Сангинова мегӯяд, агар сокинон ба чунин шева ба ӯ кӯмак кунанд, шояд дар зарфи ду моҳ маблағи чипта ё билет ба Русияро ҷамъ карда, бо ҳамин аз ин рӯзгори сангинаш раҳоӣ ёбад.