"Ҳеҷ кадоме аз шоҳидон, қотили Х.Сафаровро надидаанд"

Холмӯъмин Сафаров, раҳбари пешини корхонаи “Тоҷикҷангал” ва язнаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Вакили мудофеи гумонбар дар қатли Холмуъмин Сафаров мегӯяд, ҳеҷ кадоме аз шоҳидон мушаххасан бо чашмони худ қотили язнаи президентро надидаанд.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Диловаршоҳ Қосимов, ки дар қатли язнаи президент айбдор дониста шудааст, рӯзи 7-уми январ ба «Озодӣ» гуфт, тайи як ҳафтаи ахир мақомот ҳудуди 15 тан аз шоҳидонро мавриди пурсиш қарор додаанд. Ба гуфтаи вакили мудофеи Дишоваршоҳ Қосимов, ҳеҷ кадоме аз ин афрод бо чашмони худ қотилро надидаанд ва ё ин, ки аз дур танҳо суроби қотилро дидаанд, ки ӯро намешиносанд.

Ду тан аз ин шоҳидон гуфтаанд, ки аз дур 2 нафарро дидаанд, ки яке аз онҳо пеши роҳи Холмӯъмин Сафаров-язнаи президентро гирифт ва дигарӣ аз ҷайбаш туфангчаро бароварда, ӯро парронд. Аммо азбаски маҳалли ин ҳодиса тира буд, онҳо натавонистаанд чеҳраи қотилонро бубинанд. Далели дигаре, ки ҳамчун мавод дар ҷараёни додгоҳӣ истифода шудааст, як навори видеоӣ аст, ки ба қавли Шуҳрат Қудратов, тақрибан чизе дар он мушоҳида карда намешавад.

Шӯҳрат Қудратов ба ин пурсиш, ки шаҳодатҳо то кадом андоза даст доштани зерҳимояи ӯ Диловаршоҳ Қосимовро дар куштори язнаи президент нишон медиҳад, гуфт, ки «ҳеҷ нишондод ва ҳолати мушаххас ва рӯшане то кунун пешниҳод нашудааст.»

Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки дар ҳамин рӯз бо духтари Холмӯъмин Сафаров -- Зеварой Сафарова, ки дар ин баҳси додгоҳӣ аз модараш ба ҳайси тарафи ҷабрида намояндагӣ мекунад, ҳамсуҳбат шудаанд. Феълан хонуми Холмӯъмин Сафаров дар Маскав қарор дорад ва бо бозгашташ аз Русия, худи ӯ ҳамчун тарафи ҷабрдида ширкат хоҳад кард.

Ба гуфтаи вакили мудофеи гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров, дар ҳоли ҳозир шумораи шоҳидон камтар мондааст ва дар рӯзҳои наздик ҳамаи онҳо пурсида хоҳанд шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр мурофиаи афроди муттаҳам дар қатли раҳбари 57-солаи корхонаи “Тоҷикҷангал” Холмӯъмин Сафаровро пушти дарҳои баста оғоз кард. Холмӯъмин Сафаров моҳи июн дар назди манзилаш дар маҳаллаи "Автовокзал"-и Душанбе кушта шуд.

Бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ӯ соҳибкор Диловаршоҳ Қосимов ва ду бародари ӯ Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил бо иттиҳоми хабар нарасондан ба мақомот, ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Қосимов ибтидо ба даст доштанаш дар қатли домоди президент иқрор кард, вале баъдан гуфт, ки таҳти шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ шудааст