Падар номи қурбонии таҷовузро ошкор кард

Дар Ҳиндустон падари донишҷӯдухтаре, ки моҳи гузашта қурбонии таҷовузи дастаҷамъӣ гардид, номи ӯро ифшо кард. Баро пояи қонун, дар Ҳиндустон эълони номи қурбонии хушунат манъ шудааст, ки то аз ҳаёти хусусии хонавода ҳимоят шавад.

Бадрӣ Сингх Пандӣ ба нашрияи бритониёвии "Sunday People" гуфт, ки духтараш Ҷиотӣ Сингх Пандӣ ном дошт. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ошкор кардани номи духтараш ба дигар занону духтарони ҳадафи хушунату таҷовуз қароргирифта “ҷасорат мебахшад”.

Вазири маорифи Ҳиндустон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки қонуни нави зидди хушунат алайҳи занон ба номи Ҷиотӣ Пандӣ гузошта шавад.

Рӯзи 16 декабр гурӯҳи ҷавонон дар автобус ба номуси Ҷиотӣ таҷовуз кард ва духтар чанд рӯз баъд дар бемористоне дар Сингапур аз олам даргузашт. Баъд аз ин ҳодиса дар саросари Ҳиндустон тазоҳуроти густурдаи мардум шурӯъ шуд, ки дар онҳо ҳимояти занонро тақозо мекарданд.

Ин ҳафта додгоҳе дар Деҳлӣ ба панҷ нафари муттаҳам дар ин ҳодиса рӯи ҳафт банди кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, куштор, одамрабоӣ, ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус иттиҳоми расмӣ эълон кард. Ба ҳамаи онҳо ҳукми эъдом таҳдид мекунад.