Гаравгонгирӣ дар Аврора боиси марги 4 нафар шуд

Ҳодисаи гаравгонгирӣ дар шаҳри Аврораи аёлати Колорадои Амрико бо марги чаҳор нафар анҷом ёфт. Рӯзи шанбе як мард чаҳор нафарро дар як манзили зист гаравгон гирифт. Ба як зани гарвгон муяассар шуд, ки фирор кунад ва дар бораи ҳодиса ба полис хабар диҳад. Сокинони манзилҳои атроф ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Дар амалиёти полис ҷинояткор ҷароҳатҳои сангин бардошт ва ба ҳалокат расид. Дар манзил ҷасади се гаравгон ҳам ошкор шуд, ҳадс зада мешавад, ки онҳо қабл аз расидани полис ҳадафи тир қарор гирифтаанд.

Мақомоти полис то ҳол ному насаби ҷинояткору қурбониёни ҳодисаро эълон накардааст. Ангезаи гаравгонгирӣ низ ҳанӯз маълум нест.

Ин дуввумин ҳодисаи куштори дастаҷамъӣ дар шаҳри Аврора дар ним соли ахир аст - моҳи июли соли гузашта сокини маҳаллӣ Ҷеймс Ҳолс дар як кинотеатр дар нахустнамоиши филми нав дар бораи Бетман сӯи тамошобинон оташ кушод, ки дар натиҷа 12 нафар кушта ва тақрибан 60 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.