Жерар Депардие соҳиби шиносномаи русӣ шуд

Мулоқоти Путин ва Депардие

Жерар Депардие соҳиби шиносномаи шаҳрванди Русия шуд. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ба хабарнигорон гуфт, ки шиноснома ба ҳунарманди маъруфи синамо рӯзи шанбе дар шаҳри Сочи супурда шуд.

Депардие, ки бо як сафари хусусӣ ба ин шаҳр омадааст,бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард. Ба гуфтаи Олег Добродеев, раиси куллии ширкати радиову телевизиони Русия, ки дар мулоқот ширкат дошт, моҳи май аз тариқи шабакаи телевизионии “Россия-1” нахустнамоиши филм дар бораи Григорий Распутин намоиш дода мешавад, ки дар он Жерар Депардие нақши асосиро бозидааст. Ин филм тарҳи муштараки шабакаи "Россия-1" ва гурӯҳи "France Televisions" мебошад.

Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин ба ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Жерар Депардие шаҳрвандии Русияро эҳто кард. Аз ин пеш Жепардие аз шаҳрвандии Фаронса даст кашида ва гуфта буд, ки барои дарёфти шаҳрвандии Белгия талош мекунад.

Охири ҳафта Бриҷит Бардо, ҳунарманди маъруфи синамои Фаронса ва ҳомии ҳайвонот, низ таҳдид кард, ки агар мақомоти Фаронса ба ду фили сирк наҷот набахшанд, дар пайравӣ ба Жерар Депардие хостори дарёфти шаҳрвандии Русия хоҳад шуд.