Эҳзори ду имом ба додгоҳи Майамии Амрико

Додситони федеролии Амрико гуфт, шавоҳиди ёфтшуда ҳокист, ки як рӯҳонии мусалмон ва писари ӯ ба ҷамъоварии ҳазорон доллар барои Таҳрики Толибони Покистон ба хотири анҷоми ҳамлаҳо алайҳи манофеъи Амрико машғул будаанд. Ҷон Шиплӣ гуфт, Ҳофизхони 77-сола ва писари 26-солаи ӯ Изҳорхон, ки феълан дар додгоҳи Майамӣ муҳокима мешаванд, ин корро “ба номи дини Ислом” анҷом медоданд. Падару писар ба ирсоли беш аз 50 000 доллар ба Толибони Покистон айбдор мешавад, вале ҳарду иттиҳоми тавтиъа ва таъмини моддии терроризмро радд мекунанд. Вакилони мудофеъ мегӯянд, тафтишот сӯҳбатҳо ва аъмоли муваккилони онҳоро ғалат фаҳмидааст. Ҳофизхон имоми масҷиди Майамӣ ва писари ӯ имоми масҷиди дигаре дар аёлати Флорида будаанд.