Ноиби раисиҷумҳури Венесуэла гуфт, Ҳуго Чавес, ҳатто агар рӯзи 10 январ ба иллати оқибатҳои ҷарроҳии саратонаш дар Куба савганди давраи нави шашсолаи раёсаташро адо карда ҳам натавонад, раиси ин ҷумҳурӣ хоҳад монд. Николас Мадуро гуфт, Қонуни асосӣ ба президент ҳаққи идомаи раҳбарӣ дар сурати маризиро медиҳад ва Додгоҳи олӣ метавонад савганди ӯро баъдтар қабул кунад. Мадуро дидгоҳи мухолифинро, ки мегӯянд, агар Чавес савгандашро адо карда натавонад, раҳбарии давлат бояд муваққатан ба раиси Маҷлиси миллӣ супурда шавад, радд кард. Чавес аз замони ҷарроҳии ахири рӯзи 11 декабраш дар Куба дар мазҳари ом зоҳир нашудааст. Ин ҷарроҳии чоруми саратони Чавеси 58-сола дар якуним соли охир буд.