Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар интиқоли гази моеъ тавассути қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон, мушкиле вуҷуд надорад.
Ба иттилои як манбаъ дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҷониби Душанбе роҷеъ ба тасмими Тошканд оиди манъи интиқоли гази моеъ тавассути қаламраваш санаде дарёфт накардааст ва айни ҳол мушкиле дар ин росто вуҷуд надорад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳои расмии Узбакистон, ҳукумати ин кишвар, сар аз 1-уми январи соли 2013 интиқоли гази моеъро бо нақлиёти автомобилӣ тавассути қаламраваш манъ кардааст. Тибқи иттилои расонаҳои расмии Узбакистон, ҳадаф аз чунин тасмим, "таъмини амнияти кишвар, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи табиат мебошад."
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои охир дар пайи камбуд ва гаронии маҳсулоти нафтӣ, талабот ба гази моеъ бештар гардида ва он асосан аз Қазоқистон тавассути қаламрави Узбакистон ворид мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли 2012 ба кишвар ба миқдори 73 ҳазору 823,2 тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли пешӣ, 29 ҳазору 260,3 тонна зиёд мебошад.
Вазорати энержӣ ва саноат мегӯяд, воридкунандагони асосии гази моеъ ба Тоҷикистон ширкатҳои "Тоҷирон", "Газпромнафт - Тоҷикистон", "Зет – Газ" ва «Фароз» мебошанд. Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ изҳор медоранд, ки тасмими нави Узбакистон, ба нархгузорию таъминот дар бозори гази моеи Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт.
Ба гуфтаи масъулини ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ, ин намуди сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан тавассути роҳи оҳан ворид мешавад, зеро интиқоли он бо мошинҳо худкифо нест. Айни ҳол нархи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе 3.6 сомонӣ буда, камбуди он ба назар намерасад.