Дар пайи амалиёти ҷустуҷӯии нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳудуди 122 килограм маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи 3-юми январ дар натиҷаи як амалиёти кормандони амниятии кишвар дар Куҳистони Мастчоҳ, аз як мошини борбари КАМАЗ 122 кило маводи мухаддир кашф шудааст.
Ба иттилои ин манбаъ, аз ин миқдори маводи мухаддир, 70 килограми он ҳашиш ва боқимонда аз навъи тарёк будааст. Мошини борбари КАМАЗ ба Садриддин Назаров, сокини ҷамоати Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таалуқ доштааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми январ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати умури дохила дар вилояти Суғд, Ихтиёр Некқадамов, афсари калони Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии кишвар боздошт карда шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохила, Ихтиёр Некқадамов, афсари калони тайёрии ҷангии қисми ҳарбии №2199 Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила мегӯяд, ки ҳангоми тафтиш ва кофтуков аз Ихтиёр Некқадамов ба миқдори 22 килою 738-грамм маводи мухаддири навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Дар 10 моҳи соли 2012 дар Тоҷикистон қариб 5 тоннаву 455 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки назар ба як соли қабл 1,5 тонна бештар будааст. Ожонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, аз ин шумор 483 килояш ҳероин, 598 килояш – афюн ва 4 тоннаву 374 килояш анвоъи дигари банг будааст. Соли 2012 дар Тоҷикистон 3 мавриди қочоқи маводи мухаддири синтетикӣ низ ошкор шудааст.