Пулиси Ҳинд алайҳи 5 мард дар иртикоби таҷовуз ба номус ва марги донишҷӯдухтари 23-сола айбномаи расмӣ эълон кард. Гумонбари шашум, ки бовар меравад, синнаш камтар аз 18 аст, интизор меравад, ба таври алоҳида дар додгоҳи ноболиғон муҳокима шавад. Донишҷӯи риштаи физиотерапия ва як марди ҳамроҳи ӯ рӯзи 16 декабр дар як автобуси хусусӣ дар Деҳлии нав ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ин духтар баъди ду ҳафта дар бемористоне дар Сингапур даргузашт. Ин қазия мояи эътирозҳои хашмолуд ва гоҳо пурхушунат алайҳи давлат дар саросари Ҳинд шудааст. Ба бовари бисёриҳо, давлат барои пешгирӣ аз хушунат алайҳи занон кори чандоне намекунад.