Барак Обма-раиси ҷумҳури Амрико аз вакилони Маҷлиси Намояндагони кишвараш хост, ки мисли намояндагони Сенат санадеро дар бораи тамдиди мӯҳлати коҳиши молиёт барои табақаи миёнаҳол ба тасвиб расонанд. Ҳоло дар Амрико ин санад бо номи санади “Шикофи молӣ” шинохта шудааст.
Обама гуфт, дар ҳоле, ки на Демократҳо ва на Ҷумҳурихоҳон аз ин санад ҳамаи хостҳои худро пайдо карда наметавонанд, вале он созишномаи дурусте барои Амрико ба шумор меравад.
Як рӯз пеш Сенат шабонгоҳ ин санадро ба тасвиб расонд. Ин ҳамон санадест, ки Кохи Сафед роҷеъ ба он бо Ҷумҳурихоҳон ба тавофуқ расидааст ва он дар давраи Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури пешин ба тасвиб расида буд.
Ин санад коҳиши молиёт аз замони Ҷорҷ Буш барои хонаводаҳои даромадашон камтар аз 450 000 долларро тамдид карда, тарҳи коҳиши харҷи низомӣ ва барномаҳои дохилӣ ба маблағи 24 миллиард долларро бояд то ду моҳи дигар ақиб андозанд.