Калӯш дар пойи ҷавонон ба як мӯди рӯз табдил меёбад ва пурсишеро ба миён меорад, ки чаро ҷавонон ба он дил бастаанд.
Агар дар гузашта ҷавонони Душанбе аз пӯшидани калӯш ор мекарданд, ҳоло мегӯянд, барояшон саломатӣ муҳим аст, на ришханди атрофиён. Онҳо бар инанд, ки калӯш бо ҷӯроби пашмӣ ё маҳсӣ дар фасли сармо, беҳтарин пойпӯш аст.
Саргармии нави ҷавонон ба нархи калӯш низ таъсир расондааст. Фурӯшандагон дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт мегӯянд, аз хеле вақт аст, ки рағбати ҷавононро ба калӯш дарк кардаанд. Диловар, яке аз фурӯшандагон, гуфт, "ҳамчун фурӯшанда мебинам, ки дар ин зимистон ҷавонон, дар маҷмӯъ мардум, ба калӯш таваҷҷуҳ доранд. Чунки калӯш аввалан арзон аст; дуюм мӯд шудааст ва сеюм нисбат ба туфлӣ гармтар мебошад. Калӯшҳо ду навъ ҳастанд, яке тунуку дигаре ғафстар. Калӯшҳои тунукро ба 15 ва ғафсро ба 17 сомонӣ мефурӯшем."
Аммо фурӯшандаи дигар бо исми Камол мегӯяд, нисбат ба соли гузашта шумораи харидорон кам ва нархи калӯш ҳам поён рафтааст. Ӯ афзуд, соле пеш як ҷуфт калӯш 24-25 сомонӣ буд, вале феълан 17-20 сомонӣ нарх дорад.
Мазбут Қосимов, яке аз ҷавонон, мегӯяд, қаблан пӯшидани калӯш бо ҷӯробҳои пашмини бадахшӣ маъмул буд, ҳоло ба он ҷӯробҳои оддӣ ва маҳсӣ низ ҳамроҳ шудааст: "Худи ман ҳам мепӯшам. Фикр мекунам, ки ин ба мӯд ягон дахл надорад. Дидам, ки мувофиқ ва гарм аст. Бинобар ин, харидам."
Мувофиқ наомадани калӯш бо сарулибосе, ки Вазорати маориф ба донишҷӯён тавсия додааст, ҷавонони муҳассилро аз пӯшидани калӯш бозмедорад. Фирдавси Хурсандмурод, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, майли пӯшидани калӯш бо шимҳои муосир, аз ҷумла "ҷинс" (jeans)-ро дорад, "аммо масъулини донишгоҳ инро истиқбол намекунанд, зеро калӯш бо либосҳои мактабӣ чандон мувофиқ нест."
Бо ин хол, гуруҳе агар ба мӯди кишварҳои ғарбӣ пайравӣ мекунанд, бархе дигар аз ҷавонони пойтахт мегӯянд, ба гузаштаи худ рӯ меоранд, ки пӯшидани тоқиву калӯш аз ҷумлаи онҳост. Пӯшидани ҷӯробҳои бадахшӣ низ аз ин ҷумла дониста мешавад.
Фирдавси Низом