Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлуда Ҳамроева: "Мардум ҳақ дорад, либоси босифат пӯшад"


Мавлуда Ҳамроева
Мавлуда Ҳамроева

Суҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Мавлуда Ҳамроева, соҳиби хонаи мӯди "M-Style" дар Душанбе ва Чкаловск.

Мавлуда Ҳамроева, соҳиби хонаи мӯди "M-Style", аз камтарин тарроҳони либос аст, ки барои устувории ҷои пояш дар бозори мӯди Тоҷикистон ва берун аз он талош мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳатто вақте шуда буд, ки ҳаёти хонаводагияшро қурбони моделерӣ кард.

-Шумо чигуна ба дунёи мӯд ворид шудед? Дар ҳоле ки тахассусатон муҳосибӣ (бухгалтерӣ) буд...

Мавлуда Ҳамроева: “Ин касбро ман аз хурдиям дӯст медоштам. Чунки бибиям дӯзанда буданд ва тамоми аҳли деҳа либосҳои дӯхтаи он касро мепӯшид. Муҳаббати ман ба офаридани либос аз оилаамон сарчашма мегирад. Дар боғчаҳои замони Шӯравӣ, ки ман низ аз он баҳра бурдаам, ҳунари дӯзандагӣ омӯзонда мешуд. Баъдтар, ман дар бораи чигуна либос пӯшиданам меандешидам. Чигуна бояд дар назди омма ҳозир шуд, кадом куртаро бояд ба бар кард. Ёд дорам, вақте дар хона танҳо мемондам, ҳар гуна матоеро аз ҷевон берун кашида, бо нияти дӯхтани курта бо қайчӣ мебуридам. Волидонам ба хона омада, албатта, аз ин корҳои ман шокӣ мешуданд. Вале бо ин вуҷуд онҳо ин ҳамаро тоқат мекарданд, то ман ҳунари дӯзандагиро аз худ кунам. ”

-Оё Шумо дар назди ягон моделери касбӣ ё дар бахшҳои тарроҳӣ низ таҳсил кардаед? Кай тасмим гирифтед, ки моделери касбӣ шавед?

Яке аз намунаҳои кори Мавлуда Ҳамроева
Яке аз намунаҳои кори Мавлуда Ҳамроева
Мавлуда Ҳамроева: “Пас аз хатми мактаб аллакай дараҷаи махсуси порагарӣ ва дӯзандагӣ доштам. Ҳамчунин маҳоратамро дар давраҳои махсуси таълими тарроҳӣ дар Тошканд такмил додам. Лекин дар назди тарроҳони номӣ омӯзиш надидаам, ҳарчанд зиёд инро мехостам. Чунки он замон моделерони машҳур намехостанд ҳунарашонро ба дигарон диҳанд. Ман дар бозорҳои Тошканду Маскав китобҳои куҳнаи порагарӣ ва дӯхтани либосро мекофтам. Вақте дар шаҳри Чкаловск зиндагӣ мекардаму соҳиби фарзанд шудам, чанд либоси кӯдакона дӯхтам. Баъдан дар як маҳфил ман ин либосҳоро ба чанд кӯдак пушонда ба мардум нишон додам. Мушоҳида кардам, ки мардум ин либосҳоро зуд хариданд. Ҳамон вақт дарк кардам, ки аз ин шуғлам даромад гирифта метавонам. Бинобар ин, дар Чкаловск хонаи хурди мӯди худам «М-Стайл»-ро боз кардам. Минбаъд ман хонаи мӯди худ «М-Стайл»-ро дар Душанбе боз кардам. Нахуст барои нигоҳ доштани мустақилияти молиявиам ба Туркия рафта, аз он ҷо либосҳои тайёр оварда мефурӯхтам. Баъдан ҳунари тарроҳии маро чанд ширкати либосдӯзии Туркия мушоҳида карданд ва аз ман хостанд, ки барои омода кардани тарҳҳои нави либосҳояшон кумак кунам. Ин ширкатҳо чандин тарҳи либоси маро харидорӣ карданд ва аз рӯи он ҳоло либос медӯзанд. Ман бошам, аз ин роҳ каме сармоя ба даст овардам. Ин сармояҳо ба ман имконият доданд, ки матоҳои мехостаам ва таҷҳизоти дӯзандагиро харидорӣ кунам ва он либосеро офарам, ки дилам мехоҳад.”

-Мавлуда, ба ҷуз аз овозхонҳо боз кӣ либосҳои махсус дӯхтаи Шуморо мехаранд. Либосҳоятон чӣ қадар нарх доранд ва оё шаҳрвандони оддӣ ва миёнҳол қудрати харидории онҳоро доранд?

Мавлуда Ҳамроева: “Албатта, нафарони алоҳида низ метавонанд либосҳои моро харидорӣ кунанд. Аммо нархи ҳар як либос аз матою сифат ва тарҳаш сахт бастагӣ дорад. Албатта, шаҳрвандони оддӣ низ аз мо метавонанд либос харидорӣ кунанд. Лекин бояд гӯям, ки нархи ин либос, алббатта, баробар бо либосҳои бозори «Корвон» нест. Муштариёни мо натанҳо овозхонҳо, балки ширкатҳо низ ҳастанд. Масалан, тарҳи либоси пешхизматҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ширкати нақлиётии «Эйшиан экспресс»-ро низ мо омода кардем. Ҳамчунин барои варзишгарони олимпӣ низ мо тарҳи либосҳоро омода мекунем. Ин ширкатҳо аз мо дархост мекунанд, ки мо тарҳро омода мекунем ва ҷараёни дӯхти либосро аз ман шахсан назорат мекунам.”

-Оё фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик Шуморо ба ҳайси тарроҳи либос қонеъ мекунад?

Мавлуда Ҳамроева: “Чанд соли охир дар Душанбе миқдори нафароне, ки аз музофот ба ин ҷо омадаанд, хеле афзоиш ёфтааст. Албатта, тасаввуроти онҳо дар бораи пӯшидани либос хеле танг аст. Дар либоспӯшӣ ҳоло ҷомеа ба ду гурӯҳи муқобил тақсим шудаанд, махсусан занон. Гурӯҳи аз онҳо комилан либоси урён мепӯшанд, гуруҳе худро комилан бо матоъ печонидаанд. Замони Шӯравӣ дар ин масъала як таносуб вуҷуд дошт. Занон на либоси урёни урён ва на сахт пӯшида доштанд, ки хеле зебо ва шинам буд. Аммо мо чун дар ҷомеаи демократӣ зиндагӣ дорем намешавад касеро маҷбур кард, ки ту маҳз ҳамин либосро пӯш ва инашро не. Лекин тариқи расонаҳо ва дигар чорабиниҳо мо бояд фарҳанги пӯшидани либосро боло бубарем. Агар зан мехоҳад, либоси пӯшида дошта бошад, бигзор. Аммо онҳо низ метавонанд як либоси хос ва зебо пӯшанд, ки зан будани худро эҳсос кунанд. Ҳоло миқдори нафароне, ки бо либосҳои варзишӣ ба тарабхона мераванд, кам шудааст ва ба ҳар ҳол дар ин самт кор бояд кард.”

-Оё Шумо хоҳиши доштани корхонаи дӯзандагии худро надоред?

Мавлуда Ҳамроева: “Ман чунин орзу доштам. Аммо бунёди чунин корхона аз чанд ҷиҳат фоидаовар нест. Якумаш, ки ҳамаи ашёи хом матоъҳоро мо бояд аз хориҷа биёрем. Ин гарон аст. Дувум, мо дӯзандаю порагарҳои ҳирфаӣ надорем, ки кори ҳаҷман калонро дар як муддати кӯтоҳ анҷом диҳанд. Бинобар ин, ман аз пайи ин орзуям дигар нагаштам, чунки ин кор зараровар аст аз ҷиҳати иқтисодӣ. Чун дар мо корхонаҳои хуб бо дӯзандагони ҳирфаӣ тақрибан нестанд, тарҳи либосҳоямро дар Туркия фармоиш медодам. Вале баъдан корхонаи «Гулистон» ба кор оғоз кард, ки дӯзандаю таҷҳизоти хуб дорад. Ҳарчанд ҳоло онҳо ба дӯхтани танҳо ҷинс машғул ҳастанд, вале ман дар ҳамкорӣ бо ин корхона дар оянда чанд корҳои калонро анҷом доданӣ ҳастам.”

-Бархеҳо шикоят мекунанд, ки дар бозору дӯконҳои Душанбе либоси таъби дилро бо нархи дастрас ёфтан мушкил аст. Шумо, ки ғайр аз фаъолияти моделерӣ ба фурӯхтани либосҳои хориҷӣ низ машғулед, гуфта метавонед, ки сабаб чист?

Мавлуда Ҳамроева: “Росташро гӯям, қимати либоси хуб воқеан гарон аст ва шаҳрвандони мо имкони харидории онро надоранд. Аммо ман бо Шумо дар ин маврид мувофиқам, ки бозорҳои мо тартиби муайян надоранд ва кас намедонад кадом либосро аз куҷо харад. Аммо ба назари ман, дар марз гумрукчиён бояд як навъ сифати либосҳоро назорат кунанд. Чунки аз он либос ва ҳатто бозичаҳое, ки кӯдакони мо истифода мекунанд, саломатии миллат вобаста аст. Бинобар ин, ба назари ман бояд мо як навъ молҳои аз хориҷа воридмешударо аз ғалбери сифат гузаронем. Чунки мо низ дар қатори дигар миллатҳо мехоҳем либосҳои босифат ба бар кунем.”
XS
SM
MD
LG