Сенати Амрико қонунеро тасвиб кард, ки пешгирӣ аз авоқиби афзоиши молиёт ва коҳиши масрафот дар сурати пеш омадани “шикофи молиётӣ”-ро ба ҳадаф дорад. Аз ин тарҳ дар райъгирии шаби Соли нав 89 вакил ҳимоят карда, танҳо 8 сенатор ба он райъи мухолиф додаанд. Раъйгирии вакилони Маҷлиси намояндагони Конгресс дар ин масъала, қарор аст, рӯзи чоршанбе доир шавад. Дирӯз Кохи Сафед бо вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс тавофуқ карданд, ки замони барномаи коҳиши молиёти бозмонда аз замони Ҷорҷ Буши хурдӣ барои хонаводаҳои даромадашон камтар аз 450 000 долларро тамдид карда, тарҳи коҳиши хароҷоти низомӣ ва барномаҳои дохилӣ ба маблағи 24 миллиард долларро то ду моҳи дигар ақиб андозанд. Ин муомила ба ҳарду ҷониб то оғози даври нави баҳсҳо рӯи роҳҳои коҳиши хароҷот ва афзоиши даромади давлат ба манзури рафъи касри будҷа имкони танаффус медиҳад.