Маросими сӯзондани ҷасади қурбонии таҷовуз дар Ҳиндустон

Дар Ҳиндустон маросими сӯзондани ҷасади ҷавонзани 23 сола, ки қурбони таҷовузи ҷинсии дастаҷамъонаи гурӯҳе шуда буд, баргузор гардид.

Аъзои хонаводаи ин қурбонӣ ва чанд нафар аз мақомоти баландпояи ҳукумати Ҳиндустон дар ин маросим ширкат доштанд. Маросим дар ноҳияи Дваркаи Деҳлии Нав баргузор шуд.
Ҷасади ин ҷавонзан аз Сингапур рӯзи шанбе оварда шуд. Вайро барои муолиҷаи фаврӣ ба яке аз шифохонаҳои Сингапур бурда буданд.

Пизишкон гуфтанд, ки наҷоти ин ҷавонзан ғайриимкон будааст, зеро вай ҷароҳатҳои маргбор бардоштааст. Дар ҳамлаи 16 декабр ва таҷовузи дастаҷамъонаи ҷинсӣ дар автобусе дар Деҳлӣ ба вай осеби фоҷеабор расондаанд.

Баъд аз ин ҳамла ва таҷовуз дар саросари Ҳиндустон тазоҳуроти ғазаболуди мардум баргузор шуд ва онҳо ҳимояти занонро тақозо карданд.

6 мард барои даст доштан дар таҷовузи ҷинсии ин зан маҳкум ба қатл шуданд. Пулис гуфт, ин ҳукм иҷро хоҳад шуд.