Оташ гирифтани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Внуковои Маскав

Дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳавопаймои ТУ 204 ба фоҷеа дучор шудааст. Тавре, ки манобеи Русия хабар медиҳанд, ин ҳавопаймо аз хати нишаст берун рафта оташ гирифтааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфт, ҳамаи 12 нафаре, ки дар ҳавопаймо буданд, зинда мебошанд. Ду нафари онҳо ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд.

Сабабҳои аз хат берун рафтани ҳавопаймо дақиқ карда мешавад. Ҳангоми нишасти ҳавопаймо барфи сабук меборидааст.

Ҳавопаймо аз Чехия парвоз мекардааст. Дар наворе, ки дар интернет гузошта шудааст, дида мешавад, ки ҳавопаймо оташ гирифтааст ва месӯзад. Дар дохили он хадамаи он ва мусофирон будаанд.

Дар бораи ин ҳодиса ҳоло ҷузъиёти бештар пахш накардаанд.