90 дарсади корҳо дар чоҳи "Шоҳамбарӣ-1" анҷом гирифтааст

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, “Газпром” дар Сариқамиш ҳафри чоҳи гази “Шоҳамбарӣ-1” ро тақрибан ба поён расондааст.

Умқи ин чоҳ табқи нақша 6300 метрро ташкил медиҳад. То 26 декабр 5500 метри он кофта шудааст.

Дар ҷаласаи “Газпром Интернешенал”, ки дар Маскав баргузор шуд, ёдоварӣ кардаанд, ки сохтмони чоҳи “Шоҳамбарӣ-1” соли 2010 оғоз шуда буд ва то ҳол 90 дарсади корҳо дар он анҷом гирифтааст. Моҳи январ насби сутуни аслии ҷоҳ оғоз мешавад ва сипас лулаи газро ба он насб мекунанд.

Он гуна, ки пешбинӣ шудааст, захираи гази Сариқамиш тақрибан 18 миллиард метри муккааб газро ташкил медиҳад. Нафти он 17 миллион тон тахмин зада мешавад.