Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр иттилоъ дод, ки шаби гузашта тахминан соати 04:00-дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Одинаев Азизхон, сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Муъминобод сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор фарзанди вай Каримхон Одинаеви 19-сола, маъюби гурӯҳи 3-юм, аз дуди ғализи сӯхтор дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Зарари расонидашуда 20000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор, нодуруст истифода бурдани шамъ мебошад.