Биловал Бҳутто –Зардорӣ – писари сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто ва раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Осифалӣ Зардорӣ - дирӯз, дар солгарди панҷуми қатли модараш аз оғози фаъолияти сиёсии худ дарак дод. Биловали 24-сола, ки намояндаи насли севуми хонаводаи Бҳутто дар арсаи сиёсии Покистон аст, рӯзи 27 декабр дар ҷамъи ҳазорон нафар дар Гажҳи Худобахш, ки оромгоҳи аҷдодии онҳо дар вилояти Синд аст, дар нахустин суханронии бузурги сиёсиаш гуфт, муборизаи хонаводааш алайҳи, ба гуфтаи ӯ «нирӯҳои зидди демократия»-ро идома хоҳад дод: «Мо ҳама вориси Бҳуттоем. Агар шумо як Бҳутторо куштед, инҷо аз ҳар хона як Бҳуттои дигар бармехезад.»
Беназир Бҳутто, ки ду дафъа сарвазири Покистон буд, 27 декабри соли 2007 дар як ҳамла дар раҳпаймоии сиёсие дар Равилпиндӣ – макони ситодҳои низомии Покистон - кушта шуд. То ҳол касе барои ин куштор маҳкум нашудааст. Биловал Бҳутто-Зардорӣ аз мақомот талаб кард, то масъулони қатли модарашро пайдо ва муҷозот кунанд.