Изҳори таассуфи Амрико аз манъи фарзандхонӣ

Вазорати хориҷаи Амрико аз иқдоми парлумони Русия ба тасвиби қонуни манъи фарзандхонии атфоли рус барои атбоъи Амрико изҳори таассуф кард. Сухангӯи ин вазорат Питер Веласко гуфт, “ба мулоҳизоти сиёсии номарбут пайвастани сарнавишти кӯдакон ғалат аст. Шӯрои Федеросиюни Русия дирӯз, ба дунболи Думаи давлатӣ ин тарҳи зиддунақизро тасвиб кард ва он акнун барои имзои ниҳоӣ ба раисиҷумҳур Владимир Путин ироа мешавад. Маскав ин қонунро, ки ба фарзандӣ хондани ятимони русро ба хонаводаҳои амрикоӣ манъ мекунад, дар посух ба Қонуни Магнитский қабул кард. Ин қонун мақомоти дахил дар марги ин вакили мудофеъро таҳти таҳримоти Амрико қарор медиҳад.