Қатъи парвандаҳои марбут ба ҳифзи ғайриқонунии силоҳ

Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии афродеро, ки баъди нооромиҳои Хоруғ, яъне аз 25 июл то 20 декабр, силоҳи худро супурданд, қатъ кардааст. Раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии додситонӣ рӯзи 21 декабр дар мавриди қатъи парвандаҳои бозшуда тибқи банди 195-уми Қонуни ҷиноии Тоҷикистон(ҳифзу интиқоли ғайриқонунии силоҳу муҳимот) тасмим гирифтааст. Бино ба ҳисоби додситонии кулл, дар ин 5 моҳ сокинони маҳаллӣ ба мақомот 325 мил силоҳ ва миқдори бузурги муҳимоту маводи мунфаҷира супурдаанд. Амалиёти низомӣ дар Хоруғ субҳи 24 июл бо талаби ба мақомот супурдани афроди гумонбар дар қатли раҳбари идораи амнияти Бадахшон генерал Абдуллоҳ Назаров оғоз ёфта, дар пайи ҳалокати даҳҳо нафар аз ду ҷониб бо оташбас анҷом ёфт.