Номаи Оқилов ба Мирзиёев дар масъалаи газ

Оқил Оқилов ва Шавкат Мирзиёев

Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар як нома ба ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев изҳори умед кардааст, ки Узбакистон интиқоли газ ба ин ҳамсояашро қатъ нахоҳад кард. Оқои Оқилов гуфтааст, Тоҷикистон солона ба 200 миллион метри мукааби газ ниёз дорад, ки ин ҳаҷм барои Узбакистон андак аст. Дар сафорати Узбакистон дар Душанбе ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки Тошканд аз 24 декабр интиқоли газ ба Тоҷикистонро коҳиш дода, то соати 18-и 31 декабр ба далели хатми қарордоди имсола пурра қатъаш хоҳад кард. Душанбе ҳанӯз барои воридоти гази Узбакистон дар соли 2013 бо Тошканд қарордод имзо накардааст.