Имрӯз ҳавои Тоҷикистон сардтар хоҳад шуд

Ҳавошиносон имрӯз, 26 декабр, дар саросари Тоҷикистон ҳавои абриро пешбинӣ мекунанд. Дар Ғарму Хоруғ рехтани барф ҳам дар назар дошта шудааст. Аммо боз ҳам баландтарин ҳарорат – 10 дараҷа гармӣ – имрӯз дар Хоруғ пешбинӣ мешавад. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Ғарм 2, дар Душанбе 7, дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа - то 8 ва дар Хуҷанд 9 дараҷа гарм шавад.