Истгоҳи метрои "Алма-Ато", аммо дар Маскав

Имрӯз дар Маскав истгоҳи нави метро бо номи «Алма-Ато» боз мешавад. «Алма-Ато» истгоҳи 187-уми метрои пойтахти Русия ва истгоҳи 21-ум дар хатти Замоскворетская хоҳад шуд. Ба истгоҳ ба шарафи дивизияҳое, ки дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳон дар Қазоқистон ташкил дода, барои дифоъи Маскав аз артиши Олмони фашистӣ фиристода буданд, чунин ном додаанд. Алма-Ато то соли 1997 пойтахти Қазоқистон буд. Бино ба хабарҳо, метрои Маскав қасд дорад, соли оянда 19 истгоҳи нав боз кунад.