Таҷовуз ба номуси донишҷӯй Ҳиндустонро таркондааст

Полиси Деҳлии Нав эътирозгаронро аз назди кохи раёсатҷумҳурӣ бо истифода аз об пароканда мекунад

Ду рӯз инҷониб полиси пойтахти Ҳиндустон бо истифода аз обу калтак саъй дорад эътирозгаронро пароканда кунад. Гирдомадагон аз лату кӯб ва таҷовузи дастаҷамъӣ ба номуси як донишҷӯи 23-сола, ки 16-уми декабр ба амал омадааст, ба ғазаб омадаанд. Эътирозгарон талаб доранд, ки шаш шахси муттаҳам бо таҷовуз ба номуси донишҷӯй ба марг маҳкум шаванд. Онҳо ин хонум ва дӯсти ӯро зӯран ба дохили як автобус дароварда, дастаҷамъӣ ба номуси ин хонуми донишҷӯй таҷовуз кардаанд. Сипас дар ҳоле, ки автобус бо суръат ҳаракат дошт, ҳар дуро аз дохили он ба кӯча партофтанд. Хонум дар шифохонаи шаҳри Деҳлии Нави ба ҳуш омада, қиссаашро ба афсарони полис нақл кардааст. Дирӯз гурӯҳе аз эътирозгарон дар назди хонаи раиси ҳизби ҳокими Конгресси Ҳиндустон Соня Гандӣ хайма зад. Рӯзи якшанбе вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Сушил Кумар Шинд гуфт, ки ҳукумат имкони ҷорӣ намудани ҳукми эъдом барои чунин ҳаводиси нодири таҷовуз ба номусро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.