Маргталаб ба нишасти ҳизби покистонӣ ҳамла кард

Дар натиҷаи бомбгузории маргталабона дар як ҷамъомади сиёсии вилояти шимолу ғарбии Хайбар Пахтунхвои Покистон камаш 8 кас кушта шудаанд. Ба қавли мақомоти маҳаллӣ бомбгузории маргталабона рӯзи шанбе аснои нишасти раҳбарони ҳизби Авоми миллии ҳокими ин вилоят ба вуқӯъ пайвастааст. Тибқи хабарҳо вазири баландпояи ҳукумати ин вилоят Башир Билор захм бардошта, дар шифохона вафот кардааст. Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва сарвазири ин кишвар Парвиз Роҷа Ашраф ин ҳамларо маҳкум кардаанд.