Дастури Э.Раҳмон ба мансабдорони нави ниҳодҳои қудратӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми декабр, номзадҳо ба вазифа дар сохторҳои қудратиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ин кадрҳо, асосан ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сатҳи раёсатҳои сохторӣ ва шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъадор пешниҳод шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузоштааст. Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосро ба пешгирӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии замин барои сохтмони манзил зоҳир кардааст.

Чанд ҳафта қабл Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Кумитаи заминсозӣ изҳор дошта буд, ки "дар кишвар гурӯҳҳои муташаккиле созмон ёфтаанд, ки бо ҳамкории масъулони давлатӣ ба тақсим ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин машғуланд." Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки "баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, аз ваколатҳои мансабӣ берун баромада, бо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ худсарона ба шаҳрвандон замин ҷудо кардаанд."

Эмомалӣ Раҳмон аз масъулони сатҳи ноҳиявӣ даъват карда буд, ки аз иҷрои супоришҳои ғайриқонунии раисони ҳукумат дар минтақаҳо саркашӣ кунанд: «Беҳтараш вазифаро холӣ кунеду қонунро вайрон насозед. Ин ҷавобгарӣ дорад. Дар пушти панҷара миёни чор девор, не раиса мебинед, не амакиатонро. Шумо мемонеду сари қоқатон.»