Дмитрий Матушкин-афсари дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия хабар додааст, ки ба Душанбе 200 адад мошини низомӣ ва техникаи махсус барои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ворид шудааст.
Ба гуфтаи Матушкин, ин техникаи низомӣ дорои мушаххасоти хоси фаннӣ буда метавонад дар дар шароити душвори кӯҳистонӣ ва дар тобистони тафсони Тоҷикистон ҳаракат кунад.
То оғози соли 2013 ин техникаи низомӣ ба воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон тақсим карда мешавад.
Ҳоло дар Тоҷикистон 6 ҳазор низомии Русия мустақар аст ва он бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз қаламраи он кишвар ба шумор меравад. Ин нируҳо дар Душанбеву Қурғонтеппа ва Кӯлоб ҷой гирифтаанд.
5 октябри соли ҷорӣ мӯҳлати ҳузури онҳо то соли 2042 тамдид шуд ва дар ин бора Тоҷикистон бо Русия қарордод имзо кард.