Оғози беруншавии сарбозони Британия аз Афғонистон

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай эълони беруншавии сарбозони Британия аз Афғонистон дар соли ояндаро хуш пазироӣ кардааст. Рӯзи панҷшанбе дафтари матбуотии президенти Афғонистон изҳороте пахш намуда, таъкид кардааст, ки қарор “дар вақти муносиб” қабул шудааст, зеро нерӯҳои миллии Афғонистон ба таъмини амният ва мудофиаи ватанашон омодаанд. Рӯзи чоршанбе сарвазири Бриатния Дейвид Кемерон иброз дошт, ки соли оянда нисфи сарбозони Британия аз Афғонистон берун мебароянд.
Ҳоло дар Афғонистон 9000 низомии ин кишвар ифои вазифа мекунанд. Ба қавли Кемерон то охири соли оянда 3800 сарбози Британия ба ватан бармегарданд, зеро нерӯҳои артиш ва хадамоти амнияти Афғонистон дар иҷрои вазифаҳояшон муваффақ ҳастанд. Дар давоми 11 соли ҳузури сарбозони Британия дар Афғонистон 438 низомии ин кишвар дар Афғонистон ҷон додаанд.