Наздикони Абдулло Зокиров, падари 6 фарзанди ноболиғ, ки аз ҳар ду даст маҳрум шудааст, барои дармонаш аз сокинони кишвар кӯмак хостанд.
Маҳмадулло Зокиров, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, рӯзи 20-уми декабр ба дафтари Радиои Озодӣ омада ва гуфт, бародараш Абдулло Зокиров, ки дар зеристгоҳи барқии Кӯлоб ҳамчун таъмиргари хатҳо кор мекард, ду моҳ пеш бар асари шиддати баланди барқ ҳар ду дасташро сӯзондааст.
Ба нақли Маҳмадулло, пизишкон маҷбур шудаанд, ки ҳарду дасти бародари ӯро бибуранд. Дар ҳамин Абдулло Зокиров, ки соҳиби 6 фарзанд асту духтари калониаш нав дар синфи 9-ум мехонад, аз мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорад, барои осон кардани мушкилаш мусоидат кунанд.
Бародари Абдулло мегӯяд, дар натиҷаи машварат бо пизишкон маълум шудааст, ки имкони барқарор кардани ҳадди ақал як дасти импулсионӣ вуҷуд дорад ва ин амал дар Туркияу Олмон дар ивази 70 ҳазор доллари амрикоӣ анҷом дода мешавад.
Зокиров илова намуд, азбаски торнамои Озодиро бисёриҳо дар дохилу хориҷи Тоҷикистон мехонанд, умед дорад, хонандагон дар ин амали хайр саҳми худро хоҳанд гузошт.
Суратҳисоби бонкӣ: Эсхата-30111810355550000099
Суратҳисоби Абдулло Зокиров;-20218810300020000040
Маҳмадулло Зокиров мегӯяд, ҳоло додситони Кӯлоб дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кардааст ва мунтазири аз беморхона озод шудани Абдулло Зокиров ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузориҳои Тоҷикистон дар сурати фавт ё зарар дидани корманд дар ҷои кор, корфармо уҳдадор аст, дар ҳаҷми то 130 маоши корманд кӯмакпулии якдафъаина пардохт карда, то ба балоғат расидани фарзандони ноболиғаш ба онҳо ҳар моҳ маблағи муайян диҳад. Масъулини иттифоқҳои касаба мегӯянд, дар Тоҷикистон аксаран шароити зарурии меҳнат таъмин нест ва корфармоҳо аз уҳдадориҳое, ки дар назди корманд доранд, мегурезанд.
Пирмаҳмад Ҳакимов, сардори зеристгоҳи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, изҳор медорад, ки ин нохушӣ дар вақти корӣ рух дод ва дар қадами аввал коргарон пул ҷамъ карда, ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд. Лекин ба гуфтаи Ҳакимов, барои табобату барқарор кардани дастони Абдулло Зокиров кӯмаки бештар зарур аст. Ҳакимов аз Абдулло чун коргари қобил ва мутахассиси хуб ном бурда, аз мардуми кишвар хост, кӯмаки худро барои дармони ӯ дареғ надоранд.