Департаменти давлатии ИМА тасдиқ кард, ки дар пайи эълони натиҷаи таҳқиқи мустақили ҳамлаи 11-уми сентябри соли равон болои консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозии Либия раиси бахши амнияти дипломатии ин идора ба истеъфо рафту се мансабдори дигар аз иҷрои вазифаҳояшон барканор шудаанд. Дар он ҳамла сафири ИМА дар Либия ва се дипломати амрикоӣ кушта шуда буданд.
Рӯзи 19-уми декабр департаменти давлатӣ изҳор намуд, ки Эрик Босвел раиси бахши амнияти дипломатӣ истеъфо доду се мансабдори дигари ин идора ба истироҳати маъмурӣ фиристода шудаанд. Рӯзи чоршанбе аъзои комиссияи мустақили масъули таҳқиқи ҳамла болои консулгарӣ ба аъзои Конгресси ИМА гузориш доданд, ки амнияти сафорат ба қадри кофӣ таъмин набуд.
Муовини раиси ин комиссия адмирал Майкл Маллен гуфт, ки масъулон дар Вашингтон ба нигарониҳои амниятӣ сари вақт аксуламал нишон надоданд:
“ Мо ба хулоса омадем, ки як идда мансабдорони баландпояи департаменти давлатӣ дар сатҳи шӯъба, ки дар Вашингтон қарор доранд, вазифаҳои раҳбариро мутобиқ ба мақомашон бо масъулияти зарурӣ иҷро накардаанд ва ба таҳдидҳое, ки миссияи хос рӯ ба рӯ буд, аксуламали лозима нишон надодаанд.”
Раиси комиссия Томас Пиккеринг гуфт, кӯшишҳои қаҳрамононаи афсарони амниятии консулгарии Бенғозӣ барои наҷоти ҳаёти сафири Амрико дар Либия Кристофер Стивенс ва се амрикоии дигар кифоят накард. Комиссияи мустақил иброз доштааст, ки масъулияти ҳамла бар дӯши гурӯҳҳои ҳампаймони созмони террористии ал-Қоида аст.