Ислом Каримов аз вазъи Осиёи Марказӣ нигарон аст

Раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов изҳор намуд, ки кишвараш хостори таҳкими робитаҳои стратегӣ бо Русия аст.

Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, Ислом Каримов рӯзи сешанбе дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар Тошканд гуфт, ки «яке аз мавзӯъҳои муҳим – таҳкими робитаҳои дуҷониба, ба вижа, дар бахши амниятист».

Раисиҷумҳури Ӯзбакистон аз авзоъ дар Афғонистон ва кулли минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, «дар минтақа ягон пешгӯии хушбинона ба чашм намерасад».