Шӯрои амнияти СММ ахиран таҳримҳо алайҳи ҷунбиши “Толибон”-ро тамдид кард ва аммо дар мавриди иҷозаи сафари хориҷии фармондеҳоне, ки дар музокироти сулҳи Афғонистон ширкат мекунанд, изҳори омодагӣ намуд.
Дар қатъномаи Шӯрои амният гуфта шудааст, ҳукумати Афғонистон метавонад рӯйхати толибонеро пешниҳод кунад, ки мавриди таҳрим қарор доранд ва аммо Кобул мехоҳад бо онҳо вориди музокирот шавад. "Вазирони афғон мавзӯи масоили марбут ба таҳияи рӯйхатро бояд дар ҳамоҳангии зич бо аъзои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ҳал кунанд", омадааст дар қатънома.
Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар ҳоле пазируфта шуд, ки қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар канори Порис, пойтахти Фаронса, машваратҳои серӯза оид ба фардои Афғонистон бо ширкати намояндагони ҳукумати Кобул, ҷунбиши “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои афғон шурӯъ шавад.
Баргузории нишаст - ибтикори Бунёди пажуҳишҳои стратегии мустақар дар Порис аст, ки қаблан ду бор конфаронс оид ба Афғонистонро доир карда буд.