"Ҷавонон мехоҳанд дар артиш хизмат кунанд, аммо..."

Мақомот мегӯянд, даъвати тирамоҳии хизмат ба артиши Тоҷикистон ба поён расида ва нақшаи он пурра иҷро шудааст.
Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ноҳияву вилоятҳо ҳисоботҳои худро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод кардаанд ва ҳоло ҳамаи онҳо мавриди омӯзиш қарор доранд: «Масалан, ҳанӯз муайян нашудааст, ки теъдоди ихтиёриён чӣ қадар аст, ё мавориди қонуншиканиҳо буданд ё не. Дар ҷаласаи ниҳоди масъули даъват муайян мекунанд, ки ин даъват қонунӣ сурат гирифтааст, ё не. Шикоятҳои шаҳрвандон буда метавонад аз даъват, ки бояд омӯхта шаванд.»

Даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон дар пайи даъвати баҳорӣ, ки моҳҳои апрелу май сурат мегирад, ҳамасола аз якуми октябр то 30-юми ноябр идома мекунад. Аммо тибқи маъмул ин даъватҳо ҳамеша бо мушкилоте, назири, ба истилоҳи мардум, «облава», саркашии ҷавонон, ҷалби маъюбу беморон, донишҷӯён, боздошти кормандони комиссариатҳои низомӣ бо иттиҳоми ситонидани ришват ва ғайра «ҳамсафарӣ» мекунанд, ки барои кишвар тайи солҳои ахир аз ҳаводиси маъмулӣ шудаанд. Бино ба иттилои Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, соли равон ҳудуди 10 корманди комиссиариатҳои ҳарбӣ дар кишвар боздошт шудаанд.

Шариф Абдуллоев, сокини деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор мегӯяд, кормандони комиссияи даъват соати 6-и субҳ ҷияни бепадару модар ва саробони ду ноболиғро, ки барои зиёрати қабри модар рафта буд, аз гӯристони деҳа боздошт карда, ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд. Вай афзуд, то вазорати дифои Тоҷикистон шикоят бурдааст, аммо ба ӯ посухи қонунӣ надодаанд.

Вай афзуд: «Дигар намедонам пеши кӣ равам, ба кӣ равам арз кунам. Аммо рости гап! Агар сарбоз нарасад, ман розиям худам, ки чилсолаам, равам, дубора хизмат кунам. Даркор шавад, баъд аз ин ҳам як бори дигар хизмат мекунам. Ҳамин сағираро ҳам мебарам ба хизмат. Ман розиям. Аммо ман мебинам, ки бачаҳо 7нафарӣ, 8 нафарӣ дар як хона зиндагӣ доранд, дар кӯчаҳо озод мегарданд, чаро онҳоро намебаранду маҳз ҳамин як сағираро мебаранд?»

Имсол додгоҳи вилояти Суғд фаъолияти «Ампаро», созмонеро, ки ҳимояти ҳуқуқи даъватшавандаҳо ба сафи артиш ва хидматчиёни ҳарбиро ҳадаф гузошта, ҳамасола пажӯҳишҳо гузаронда, қонуншиканиҳоро ошкор мекард, бар асоси шикояти вазорати адлияи Тоҷикистон манъ кард.

Ин созмон имсол пажӯҳишеро анҷом надода, ба қавли масъулинаш, танҳо ба назорати вазъ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ машғул будааст. Аммо соли гузашта дар 60 шаҳру навоҳии Тоҷикистон як мониторинги густарда аз раванди даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом дода, ошкор карда буд, ки аз 724 даъватшавандаи пурсидашуда 189 нафар, яъне 26% тариқи «облава» ва бақия ихтиёрӣ ба хизмат рафтаанд. Ҳамчунин бар пояи ин таҳқиқ аз 3432 даъватшаванда 909 нафар, яъне 26% тариқи комиссияи даъват ҳозир шудаанд. Ба ҳамин минвол, аз 1128 волидайни пурсидашуда, 412 нафар гуфтаанд, ки намехоҳанд писарашон дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба далели набуди шароит хизмат кунад.

Дилрабо Самадова, сарвари ин созмон мегӯяд, таҳқиқоти чанд соли ахир нишон дод, ки вазъ тағйир нахӯрда, яксон мондааст: «Ҷавонон мехоҳанд хизмат кунанд, аммо аз шароитҳо метарсанд. Имсол як вижагӣ дошт, ки моҳи август теъдоди бузурги хатмкардагони мактаб ба муҳоҷират ба Русияву Қазоқистон рӯ оварданд, то аз хизмат гурезанд. Солҳои пеш агар аз синни 20 боло ба муҳоҷират мерафтанд, ҳоло аз 18 – солагӣ.»

Дар ҳамин ҳол, Фаридун Муҳаммадалиев мавориди зиёди шикояти мардум аз «облава» - ро таъйид кард, аммо гуфт, бино ба моддаи 3 – и Қонуни даъват ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон, агар даъватшаванда ба комиссияи даъват ҳозир нашавад, мақомот маҷбуранд онҳоро бо роҳҳои дигар ҳозир кунанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, решаи мушкилот дар низоми ноодилонаи даъват ба артиш аст, ки аксари ҷавонони солиму бардамро волидайну сарватманду соҳибмансаб ба донишгоҳҳо ҷалб мекунанд, аммо фарзандони оилаҳои камбизоат агар тавонистанд ба Русия фирор мекунанд, агар на, маҷбуранд ба артиш мераванд. Ба қавли онҳо, бояд сари моддаҳои 21 ва 23 – и Қонуни даъват ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон, ки ҷавонони донишҷӯро аз даъват ба артиш манъ мекунад, таҷдиди назар шавад.