Барномаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш аввали моҳи равон шурӯъ шуд ва ду моҳ идома хоҳад кард. Сухангӯи вазорати дифоъ Фаридун Муҳаммадалиев раванди иҷрои нақшаро нисбат ба даъватҳои қаблӣ мусбат арзёбӣ карда ва гуфт, дар ин ҷода пойтахт ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бештар фаъол будаанд.
МАВСИМИ "НИГАРОНӢ"-И ВОЛИДАЙН
Агар волидон дар Тоҷикистон ду нигаронии умда дошта бошанд, бидуни шубҳа яке оғози маъракаи даъвати сарбозон ба сафи артиши миллӣ аст, ки дар аксар ҳолатҳо ба истилоҳ бо “шаттаҷанг” ва “гурезу бидав” ҷараён мегирад. Дар ин мароҳил падару модар бештар мутаваҷҷеҳи рафту баргашти бачаҳо мешаванд. Чун дар ҷараёни “ облава” на танҳо ҷавонони артишгурез, балки онҳое ҳам боздошт мешаванд, ки ё донишҷӯянд ё корти сафед доранд.
Дар ҳоле, ки Фаридун Муҳаммадалиев мегӯяд, истифодаи равишҳои мисли “облава” ё иҷборан аз кӯча боздошт кардани “сарбози эҳтимолӣ” комилан мамнӯъ эълон шудааст, Орзугул, як модари ҷавон мегӯяд, чанд рӯз пеш бародарзодаи 22-солаӣ вай дар яке аз хиёбонҳои пойтахт дар чанги “облава” афтид: «Дар маърака будем, ки ба холаам занг заданд, ки писаратро облава карданд, 500 долар гир тез биё. Гиря карда то пул ёфта рафт, ки писарашро бурданд, ҳоло бо ҳамон пул ҳам халос карда натавонист, гиря карда шиштааст. Намедонам чӣ ҳол дорад.»
Аммо мақомоти вазорати дифоъ вуҷуди ришваситонӣ дар ҷараёни “облава”-ро рад мекунанд. Фаридун Муҳаммадалиев мегӯяд, ки мавридҳои ришваситонӣ дар вазорат ошкор шудаанд, аммо на дар раванди ҷалби сарбозон ба артиш. Сухангӯи вазорат мегӯяд, шаҳрвандон низ бо пешниҳод кардани ришва ба соҳибмансабон, қонуни кишварро поймол мекунанд.
МАҚОМОТИ ИҶРОЯ-МАСЪУЛИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА АРТИШ
Оғои Муҳаммадалиев мегӯяд, ки дар ҳар як ноҳия комиссияи даъват аз муовинони раисони ноҳияҳо ҳам иборат аст ва ҳоло маълум нест, ки намояндагони кадом ниҳод чунин амалҳои ғайриқонуниро анҷом медиҳанд: «Тибқи қонун, масъули комиссияи даъват раисони мақомоти иҷроияи ҳар як ноҳия ҳастанд ва раиси комиссияро яке аз муовинони раиси ҳукуматҳои ноҳияҳо ба ӯҳда доранд, на комиссариатҳои ҳарбӣ. Мардум фикр мекунад, ки масъули сафарбаркунӣ ба сафи артиш ҳам комиссариатҳои ҳарбӣ ҳастанд, не ин хел нест. Дар сурати дар асоси даъват ҷавон ба хидмат дар рӯзи муайяншуда ҳозир нашуд, мақомот барои овардани ӯ ҳуқуқ доранд.»
АРТИШ ТАНҲО БАРОИ БАЧАҲОИ КАМБАҒАЛ АСТ?
Аммо дар ҳоле, ки сарватманд фарзандашро бо ришва аз артишу “облава” халос мекунад, танҳо онҳе барои хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳ боқӣ мемонанд, ки ба табақаҳои поёнии ҷомеа тааллуқ доранд.
Дар ҷараёни таҳияи ин гузориш, мо аз 10 вакили парлумони кишвар суол кардем, ки оё фарзандонашон дар сафи артиш хидмат кардаанд ё хайр. Онҳо гуфтанд, ки бо иллати беморӣ ва донишҷӯ будан, писаронашон дар артиш хидмат накардаанд. Маҳмадалӣ Ватанов, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, ки писараш донишҷӯи курси панҷум аст ва аз ин рӯ аз хизмат ба ватан дар канор мондаст.
Орзугул, ҳамсӯҳбати мо, ки ҳодисаи “облава ва ришва”-ро ба мо нақл кард, мегӯяд ки чанд ҳамсояии сарватманд дорад, ки фарзандони онҳо ҳеҷ кадом дар артиш хидмат накардаанд.
Сару садоҳо дар мавриди «озод» будани фарзандони мансабдорон аз хидмат ба сафи артиш нав нест, аммо то кунун иқдоми расмие дар ин замина сурат нагирифтааст. Дар матбуоти маҳаллӣ борҳо пешниҳод шуда буд, ки фарзандони мансабдорон, ки барои хидмат ба артиш намераванд, бояд, ки бо пардохти маблағ ин вазифаи шаҳрвандии худро ҷуброн кунанд ва ин маблағҳо барои беҳбуди вазъи модии артиш сарф шавад.
Вазорати дифоъ мегӯяд, ки тибқи қонун, омори даъватшавандаҳо сири махфӣ аст ва шароити моддии артиш ҳам хуб гардидаву дар пайи корҳои таблиғӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон баланд шудааст. Аммо маълум нест, ки сухан аз боби боло рафтани ҳисси ватандӯстии фарзандони аҳли сарват аст ё мардуми фақир?