Ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Жерар Депардие мехоҳад, ки шаҳрвандии Белгияро дарёфт кунад. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ӯ ба хотири фирор аз андозҳои баланд дар Фаронса ба манзили наваш дар шаҳраки Нешени Белгия, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Фаронса, кӯчидааст.
Рӯзи якшанбе Депардие аз шаҳрвандии Фаронса даст кашид ва эълом дошт, ки мехоҳад шиносномаи фаронсавии худро супорад. Дар ин бора ҳунарманди маъруф баъд аз он тасмим гирифт, ки нахуствазири Фаронса Жан-Марк Эйро аз кӯчидани ӯ ба Белгия интиқод кард.
Як нашрияи чопи Белгия бо такя ба гуфтаҳои шаҳрдори Нешен Даниэл Сесесал навиштааст, ки Депардие дар сӯҳбат бо мири шаҳрак аз шартҳои дарёфти шиноснома ва бимаи Белгия суол кардааст.