Лавров дар Тошканд амнияту тиҷоратро баҳс мекунад

Сергей Лавров

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ вориди Тошканд шудааст. Ҳадаф аз ин сафар баррасии масъалаҳои амниятӣ ва тиҷорат номида мешавад. Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз Лавров бо вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов вазъи Афғонистон ва таъсири беруншавии нерӯҳои паймони НАТО аз Афғонистонро баҳс мекунад. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки эҳтимол Лавров бо президенти Узбакистон Ислом Каримов ҳам вохӯрад, вале ин хабар то ҳол тасдиқ нашудааст. Вақтҳои ахир равобити Маскаву Тошканд заифтар шуда, Узбакистон ба беҳбуди равобит бо кишварҳои ғарбии шарик дар амалиёти Афғонистон майл нишон медиҳад. Моҳи июни гузашта Узбакистон узвияташ дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро, ки зери нуфузи Русия қарор дорад, мутаваққиф намуд.