Дар Тоҷикистон наздикиҳои шом борон пешбинӣ шудааст

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон наздикиҳои шом борони кӯтоҳмуддат дар назар гирифта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрист. Рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд ҳаво 4-7 дараҷа гарм, шабона 1 дараҷа сард хоҳад буд.

Дар Қурғонтеппа ҳаво рӯзона то 8 дараҷа ва дар Кӯлоб то 10 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хоруғ рӯзона бориши борон ва шабона бориши барф пешбинӣ шудааст. Ҳаво рӯзона як дараҷа гарм, шабона як дараҷа сард мешавад.