Пулиси Покистон 5 ситезаҷӯро куштааст

Пулиси Покистон мегуяд, дар ҷанг бар зидди ситезаҷӯён, ки рӯзе пеш ба фурудгоҳи Пешовар ҳамла карданд, панҷ нафари онҳоро куштанд. Дар ҳамлаҳои интиҳорӣ ва мушакии ин ситезаҷӯён ба фурудгоҳ чаҳор ғайринизомӣ ҷон доданд. Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтанд, ки дар ҷараёни он ҳамчунин панҷ ҳамлавар кушта шуданд. Субҳи якшанбе, пулиси Покистон ба бинои нимасохтае дар назди фурудгоҳ юриш бурд, ки дар онҷо бақияи ситезаҷӯён пинҳон шудаанд. Маъмурони пулис ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар даргирие, ки чанд соат идома кард се ситезаҷӯ кушта шуданд ва ду бомбгузори маргталаб дар дохил худро мунфаҷир кардаанд. Як афсари пулис ҳам дар инҷо талаф шудааст. Шаҳри Пешовар дар наздики манотиқи қабоилинишини Покистон воқеъ аст, ки аз паноҳгоҳҳои Толибону Ал-Қоида маҳсуб мешаванд.