Кумитаи умури дини Тоҷикистон имомхатибони масоҷиди кишварро аз санҷиш мегузаронад. Як манбаъ дар Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мувофиқи талаботи Қонуни Тоҷикистон дар бораи “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, сар аз рӯзи 11-уми декабр, санҷиши имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ идома дорад.
Кумитаи дини Тоҷикистон имомхатибонро аз рӯи талаботи банди 6 моддаи 11-и қонуни “Имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд”, аз санҷиш мегузаронад.
Комиссияи санҷишӣ аз ҳисоби уламои Маркази исломӣ, кормандони Дастгоҳи иҷроияи раёсатиҷумҳурӣ ва Кумитаи умури дин таъсис ёфтааст. Имомхатибони масоҷиди кишвар муваззафанд, ки солона як маротиба аз мувофиқаткунонӣ бо Кумитаи дини кишвар, гузаранд.
Манбаи мо дар Кумитаи дини Тоҷикистон афзуд, ин санҷиш аз аттестатсияҳои пешин фарқ намекунад ва то кунун ҳамаи имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт аз мувофиқа ё худ аттестатсия гузаштанд ва танҳо як нафари онҳо бинобар беморӣ, имкони дар санҷиш ҳозир шуданро надошт.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон низ ҳамчун сархатиби масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Ёқуб, аз санҷиши Кумитаи дин мегузарад. Дар марҳилаи баъдӣ имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Роғун ва ноҳияи Рӯдакӣ мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт.