Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч (HRW)мегӯяд, аз замони интихоби дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод ба курсии раёсатҷумҳурии Эрон дар моҳи июни соли 2009-ум дар ҷумҳурии исломӣ “маъракаи таъқиб”-и ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷараён дорад. Дар гузориши нави Ҳуман Райтс Воч, ки рӯзи ҷумъа нашр шуд, омадааст, ки баъди эълони пирӯзии Аҳмадинажод дар интихобот, ки боиси эътирозҳои умумимардумӣ гардид, мухолифини сиёсӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон ҳадафи таъқиб қарор гирифтаанд. Ба қавли ин созмон мақомот фаъолонро бидуни муҳокима мекушанд, шиканҷа медиҳанд, худсарона боздошт мекунанд ва ба таври саросарӣ ҳаққи озодии баён ва ҷамъомади эрониҳоро нодида мегиранд. Ҳуман Райтс Воч бо ишора ба асноди СММ мегӯяд, ки шумораи эрониҳои ҷӯяндаи паноҳгоҳ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла соли 2009-ум 11500 эронӣ паноҳгоҳ хоста буданд. Соли 2011-ум бошад, шумораи эрониҳои ҷӯяндаи паноҳгоҳ ба 18000 нафар расидааст. Ба қавли созмони дидбони ҳуқуқи башар эрониҳо бештар ба минтақаи курднишини Ироқ ва Туркия мераванд, зеро дар он ҷо дархости паноҳандагии онҳоро зуд арзёбӣ мекунанд.