Дар шаҳри Оденсе, воқеъ дар ҷазираи Фюни Дания, як асари то ҳол номаълуми адиби маъруф Ҳанс Кристиан Андерсен ошкор шуд. Ин афсонаи “Шамъи равғанӣ” аст, ки то ҳол ягон бор нашр нашудааст. Дастнависи ин афсонаи адиби маъруфро таърихшинос Эсбен Браге дар зери як қуттӣ дар Бойгонии миллии Фюн пайдо кард. Коршиносон ҳадс мезананд, ки афсонаи “Шамъи равғанӣ”-ро Андерсен солҳои 20-уми қарни 19, ҳангоми таҳсилаш дар мактаб навиштааст. Ба гуфтаи онҳо, дастнависи ошкоршуда нусхаи матни аввалияи гумшуда аст.
Ҳанс Кристиан Андерсен садҳо афсона навиштааст, ки маъруфтарини онҳо “Мурғобии касиф”, “Пироҳани нави шоҳ” ва “Маликаи барфӣ” ба беш аз 100 забони хориҷӣ тарҷума шудаанд.
Ҷоизаи адабӣ ба номи Ҳанс Кристиан Андерсен дар ду сол як бор ба муаллифи беҳтарин асар барои кӯдакон эъто мешавад. Аз соли 2009 ба ин сӯ Бунёди ба номи Андерсен низ ҷоизаи ба номи адибро таъсис кард, ки ба он, аз ҷумла, Ҷоан Роулинг, муаллифи асарҳо дар бораи Ҳаррӣ Поттер, сазовор дониста шудааст.